Душанбе-Бухоро: тасмими ширкати “Сомон Эйр” дар бораи хатсайри нав

CC BY-SA 2.0 / Lars Steffens / Boeing 737 Somon AirБоинг 737 авиакомпании "Сомон Эйр", архивное фото
Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар моҳи августи соли ҷорӣ барои аввалин бор ширкати “Сомон Эйр” тасмим гирифтааст парвозҳоро дар хатсайри Душабе-Бухоро оғоз намояд

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ширкати "Сомон эйр" тасмим гирифтааст, хатсайри нав Душанбе-Бухоро боз кунад, хабар доааст дафтари матбуоти ширкат.

Ширкати "Сомон Эйр" бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар моҳи август барои аввалин бор аст, ки парвозҳоро ба самти Душанбе-Бухоро анҷом хоҳад дод.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Душанбе-Самарқанд: хатсайри нави ширкати "Тоҷик Эйр"

Лозим ба ёдоварист, ки дар рӯзҳои гузашта ширкати "Сомон Эйр" парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе дубора барқарор кард. Аз фурудгоҳи Душанбе ҳопаймои Боинг 737-300-и ширкати "Сомон эйр" соати 15-40 ба вақти Душанбе ба сӯи Тошканд парвоз кард. Парвоз ба шаҳри Тошканд ҳамагӣ 45 дақиқа вақтро мегирад. Парвоз дар ин хатсайр дар як ҳафта як маротиба сурат мегирад.

Дар ҳоли ҳозир ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" ба самти Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон парвоз мекунанд. Ширкат дорои ҳавопаймоҳои Боинг 737-300,-800 ва —900 мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Ширкати "Тоҷик Эйр" шурӯъ аз 28-уми июли соли ҷорӣ парвозҳои худро ба шаҳри Самарқанд, оғоз мекунад.

Парвоз аз Душанбе ба Самарқанд 45 дақиқа давом мекунад ва арзиши билет 684 сомонӣ мебошад. Парвозҳо ба самти Самарқанд дар як ҳафта як бор рӯзҳои шанбе сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки парвозҳои Душанбеву Тошканд пас аз 25 сол 11-уми апрели соли 2017 барқарор шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала