Ҳаракати автобусҳои нав дар хатсайри 25-и шаҳри Душанбе

© SputnikОбщественный транспорт в Душанбе
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар хатсайри рақами 25-и шаҳри Душанбе автобусҳои нави Ҷопонӣ ISUZU ҳаракат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Шурӯъ аз 1 август дар хатсайри рақами 25 аз маҳаллаи "Зарафшон" то бозори "Меҳргон" автобусҳои нав ҳаракат мекунанд, дар ин бора хабар додааст шаҳрдории шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети худ аз Туркия 100 адад автобуси ISUZU харидорӣ намудааст.

В Душанбе представлены новые автобусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз Қазоқистон 300 автобус мехарад

"Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёт қарор доранд, ки ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд. Бо ворид гардидани автобусҳои ISUZU ва AKIA, шаҳр ба сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон беҳбудӣ мебахшанд", — таъкид кардааст манбаъ.

Инчунин шаҳрдории шаҳри Душанбе изҳор кардаанд, ки дар Душанбе ба сурати умум беш аз 2900 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд, ки наздик ба 80 дарсади онҳо хусусӣ мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта шаҳрдорӣ аз Туркия 140 адад автобусҳои ISUZU харидорӣ карда буд. 

Лентаи хабарҳо
0