Ҳимояти Ҳарамгули Қодир аз "гаппартоӣ": мардонро зери фишор нагузоред

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкКамера слежения, архивное фото
Камера слежения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳарамгули Қодир, рӯзноманигори тоҷик "гаппартоӣ"-и мардон ва ҳазлу шӯхиро "намаки ҳаёт" хонд

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik.Ҳарамгули Қодир дар вокуниш ба таъсиси гуруҳи корӣ алайҳи "гаппартоӣ"-и мардон дар Душанбе изҳор доштааст, ки ҳазлу гаппартоӣ дар ҳама давру замон буд. Ӯ таъкид намудааст, ки бояд ҳазлу шӯхиро аз гаппартоии таҳқиромез фарқ гузошт  ва духтарони эркаи пойтахт низ бояд аз тарраҳум кор бигиранд.

Рӯзноманигори тоҷик аз таҳаввули ҳаёти ҷомеа зикр карда, таъкид намудааст, ки зоҳир ҳам ба зеҳни мардҳо таъсир дорад.

"Мо ҷомеаи суннатием ва барои шинохту дарки фарҳангҳои нав ниёз ба сатҳи огоҳмандӣ дорем. Ҳазлу шӯхӣ низ намаки ҳаётанд. Набояд мардонро дар инзивоъ ё фишори равонӣ қарор дод", — тавзеҳ додааст хонум Ҳарамгул.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ ба доди занон расид: дар Душанбе зидди "гаппартоӣ" гурӯҳи корӣ ташкил шуд

Изҳороти рӯзноманигори тоҷик дар ҳолест, ки дар пайи шикояти бархе аз занони Душанбе  бо дастури Рустами Эмомалӣ, раиси пойтахт, барои баррасии озори лафзии мардон нисбати занон гурӯҳи корӣ ташкил гардид.

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба гурӯҳи созмондодаи шаҳр намояндагони шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи занон, Кумитаи ҷавонон ва дигар идораҳо шомил шуданд.

"Муроҷиати занонро шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ баррасӣ карда, дастур дод, ки гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад", — гуфт сухангӯй.

Вай афзуд, минбаъд аз дурбинҳои назоратии шаҳр муносибати мардону ҷавонон нисбати духтарону занон пайгирӣ карда мешавад. Аммо ҳоло гурӯҳ чораандешӣ нисбати ин тоифа мардонро муайян накардааст.

"Пас аз омӯзиши пурраи ин масъала роҳҳои мубориза бо он муайян хоҳад шуд", — мегӯяд Усмонзода.

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси Душанбе мегӯяд, гарчанде озори лафзии мардони тоҷик нисбати занон густурда нест, гуруҳи корӣ ин масъаларо меомӯзад. Ӯ таъкид намуд, ки мардуми тоҷик масъалаҳоро зуд дарк мекунад ва ин зуҳурот низ зуд бартараф мешавад.

Ёдрас мешвем, чанде пеш занон ба шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ мактуб навишта, дархост карда буданд, ки шаҳрдорӣ пеши роҳи ҷавонону мардонеро, ки ба қавле дар кӯчаҳову бозорҳо "гаппартоӣ" мекунанд, бигиранд.

Лентаи хабарҳо
0