Қиссаи ду сайёҳи кушташуда дар Тоҷикистон нотамом монд...

© U.S. EMBASSY, DUSHANBE, TAJIKISTANПогибшие американские туристы Lauren и Jay
Погибшие американские туристы Lauren и Jay - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷей ва Лорен бо дучарха тӯли як сол, шурӯъ аз Африқои Ҷанубӣ, то ба Аврупо ва Осиё аз ҷаҳон дидан намуданд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ҷей Остин ва Лорен Гиогиген — ду гардишгари амрикоӣ, ки дар Данғара дар пайи як ҳамла кушта шуданд, дар вебгоҳи SIMPLY CYCLING аз сафарашон нақл мекарданд. Бахши Тоҷикистон дар ин вебгоҳ нотамом мондааст.

Сайёҳон дар тӯли як сол кишварҳои зиёде аз Африқои Ҷанубӣ то Аврупову Осиёро дидан карданд ва дар Тоҷикистон кушта шуданд. Ҷей ва Лорен дар блог дар бораи бештар аз 26 кишвар маълумот додаанд, ки ба он сафар доштанд.

Флаг США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Амрико: марги сайёҳон ба меҳмоннавозии мардуми тоҷик рабте надорад

Бахши Тоҷикистон дар ин саҳифа бо навиштаи "Coming soon" (ба наздикӣ) холӣ мондааст. Ҳамчунин онҳо мақсад доштаанд ба Узбакистон сафар кунанд.

Ҷей ва Лорен моҳи май дар Қазоқистон ва аввалҳои июл дар Қирғизистон будаанд.

Ёдрас мешавем, ин ду шаҳрванди Амрико 29 июл дар пайи ҳамлаи муттаҳамон дар шоҳроҳи Данғара кушта шуданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти Амрико Доналд Трамп дар пайи ин ҳодиса изҳори ҳамдардӣ кард.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо изҳороти расмие гуфт, ин ҳодиса ба меҳмоннавозии мардуми тоҷик иртиботе надорад.

Сафорати Амрико барои изҳори таъзия китоби изҳори ҳамдардӣ ташкил кардааст, ки хоҳишмандон метавонанд дар он имзо монанд.

Лентаи хабарҳо
0