Ваъдаи раиси "Умед - 88" барои пардохти пули давлат ва суоли муфаттишони Ожонсӣ

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешАвтозаправка, архивное фото
Автозаправка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати Ожонси мубориза бо фасоди молӣ мавқеашро дар мавриди ваъдаҳои Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед 88" барои баргардондани пулҳои "Роғун" баён дошт

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Раёсати Ожонси мубориза бо фасоди молӣ, имрӯз, 1 август зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз ваъдаҳои Одинаев огоҳанд ва суол гузоштанд, ки чӣ гуна метавонад қарзҳоро дар як муддати кӯтоҳ пардохт кунад, дар ҳоле, ки аз соли 2014 то 2017 аз уҳдаи иҷрои он набаромад. Одинаев дар нома ба мақомоти Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки дар сурати раҳоияш аз зиндон маблағи давлатро пардохт хоҳад кард.

Автозаправка ночью UMED88, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Умед-88" барои пардохти қарз дороиҳояшро ба фурӯш гузошт

Ба иттилои Ожонсӣ дар доираи парвандаи роҳбари "Умед 88" инчунин масъалаи ҷавобгарии ду мақомдори давлатӣ ба миён гузошта шудааст, аммо ҷузъиёти бештарро ба баҳонаи махфӣ будани парванда ироа накарданд.

Мурофиаи Раҷабалӣ Одинаев бо иттиҳоми қочоқ, қаллобӣ, саркашӣ аз андоз ва сохтакории ҳуҷҷатҳо пушти дарҳои баста дар Додгоҳи олӣ ҷараён дорад.

Пештар мақомоти Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфта буданд, ки ба масъулони "Умед 88" иҷозатнома додаанд, ки барои пардохти қарзи 171 миллион сомонии хеш амволи ин ширкатро бифурӯшанд.

Ожонсӣ Раҷабалӣ Одинаев, раиси "Умед 88"-ро ба ҳамроҳи муовинаш ва се мақоми ин ширкат дар октябри 2017 боздошт ва ба онон иттиҳоми бознагардондани қарзи дарёфтӣ аз чанд бонк ва ниҳоди молӣ аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун эълон шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0