Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба раисиҷумҳури Индонезия

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите ШОС в Китае
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите ШОС в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли барқияи тасаллият ба Ҷоко Видодо, президенти Индонезия изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳалокату ҷароҳати теъдоди зиёди шаҳрвандони Индонезия бар асари заминларзаи харобиовар изҳори андуҳ кардааст.

"Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Индонезия сангин ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи ҷароҳатбардоштагон шифои комил хоҳонам", — омадааст дар барқия.

Дар пайи заминларзаи 7 баллӣ, ки шоми 5 август Индонезияро такон дод, ҳудуди 100 нафар ба ҳалокат расида, теъдоди зиёди одамон маҷруҳ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0