Раисҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон меояд

© AP / Petros GiannakourisПрезидент Индии Рам Натх Ковинд
Президент Индии Рам Натх Ковинд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар назар аст, ки Рам Натх Ковинд охирҳои моҳи август бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Ҳиндустон Рам Натх Ковинд аз Тоҷикистон дидан мекунад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории намоишгоҳи молу колои Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, сафари раисҷумҳури Ҳиндустон авохири моҳи август дар назар буда, намоишгоҳе, ки тоза дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст ба сафари раисҷумҳур бахшида мешавад.

"Намоиши молу маҳсулоти Ҳиндустонро Палатаи савдо ва санотати Тоҷикистон ва ширкати PSP Traders & Services Pvt.ltd ташкил намудаанд. Он бахшида ба сафари раисҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Қарор аст, раисҷумҳури Ҳиндустон дар охири моҳи август аз Тоҷикистон боздид намояд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Международная Индийская выставка-продажа Товары из Индии - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷирони Ҳиндустон тобистон ба Тоҷикистон меоянд

Мақсад аз баргузории намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар Тоҷикистон тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни у кишвар будааст.

Намоишгоҳ дар Душанбе то 19 август идома ёфта, баъдан  соҳибкорони ҳиндустонӣ дар Хуҷанд, Панҷакент ва Бохтар колои худро ба намоиш мегузоранд.

Дар Хуҷанд намоиши молу маҳсулот аз 24-уми август то 9 сентябр, дар Панҷакент аз 23 то 30 сентябр ва дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз 23 то 20-уми сентябри соли равон идома меёбад.

Лентаи хабарҳо
0