Ҳиммати "камбағал": Турсунбибӣ Одибоева нафақаашро ҷамъ карда, пул сохт

Барои сохтмони пули 13-метра дар ноҳияи Ашт 40 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Ин маблағро як нафақахӯр аз ҳаққи бознишастагиаш ҷамъ оварда, саранҷом барои сокинон кӯпрук бунёд кардааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Ҳаштуми августи соли ҷорӣ дар деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо иштироки роҳбарияти ноҳия пули нави мошингузар ба истифода дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ,  Турсунбибӣ Одибоева ном бознишастае дар ноҳия азм кардааст, ки аз маблағи ҷамъовардааш пул созад.

 "Турсунбибӣ Одибоева яке аз чунин шахсони фаъоли ноҳия маҳсуб меёбад, ки бо маблағҳои аз ҳисоби нафақа ҷамъовардааш барои бунёди пули мошингузар саҳмгузорӣ намуд. Ин зани ватандӯст барои бунёди пули мошингузаре, ки 13 метр дарозӣ ва 5 метр паҳноӣ дорад, беш аз 40 000 сомонӣ маблағ сарф намудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар маросими ифтитоҳи пули мазкур ба Турсунбибӣ Одибоева Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ тақдим намуда, барои саҳмгузориаш дар ободонии маҳал ба ин бонуи нуронӣ изҳори сипос намуд.

Мавриди зикр аст, ки ин пули мошингузар маркази ноҳияро бо деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон мепайвандад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала