Саҳни фурудгоҳи Хуҷанд бо ҳавопаймои Ту-134 оро ёфт

© Sputnik / Амир ИсаевМеждународный аэропорт Худжанда. Архивное фото
Международный аэропорт Худжанда. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро бо ҳавопаймои Ту-134 оро доданд. Онро ба хотири бузургдошти ёди ҳавопаймосоз Туполев ва ҳавопаймои Ту-134, ки аз соли 1974 ба сокинони Хуҷанд хизмат мерасонид, насб кардаанд, ки

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар саҳни фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар пояе  ҳавопаймои Ту-134-ро насб карданд.

Акнун тамоми мусофирон имкон доранд, ҳавопаймои Ту-134-ро, ки аввалин парвозашро дар соли 1974 анҷом додааст, тамошо намоянд.

Ин ҳавопаймо аз соли 2008 аз хатсайр берун шуда буд. Раиси фурудгоҳ тасмим гирифтааст, ки амсилаи ҳувопаймоеро, ки бештар аз 34 сол ба мусофирон хидмат кард, дар саҳни фурудгоҳ гузорад.

"Ба хотири бузургдошти ҳавопаймосоз Туполев ва халабонҳое,ки мудатҳои тӯлонӣ бо ин ҳавопаймо парвоз мекарданд, ин кор анҷом дода шуд. Ту-134 яке аз беҳтарин ҳавопаймоест, ки бисёр боэътимод буд ва тӯли 30 сол ба мардум ва меҳмонони вилояти Суғд хизмат расонид", — гуфт раиси фурудгоҳ.

Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд баъд аз таҷдид ба яке аз фурудгоҳҳои муосиру зебои Тоҷикистон табдил ёфт. Ҳоло фурудгоҳи Хуҷанд новобаста аз боду ҳаво имкони қабули тамоми намуди ҳавопаймоҳоро дорад.
Феълан сохтмони бинои нави фурудгоҳ идома дорад. Он имкон медиҳад, ки дар як соат ба 500 мусофир хизмат расонад.

Ту-134 ҳавопаймои замони Шӯравӣ буда, дар хатсайрҳои миёна ва кӯтоҳ парвоз мекард. Ту-134 дар соли 1964 дар Бюрои тарҳкаши Туполев тарҳрезӣ шудааст.

Аммо аввалин парвози Ту-134 дар 29 июли соли 1963 сурат гирифт. Ту-134 яке аз ҳавопаймоҳое аст, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври оммавӣ истеҳсол мешуд.  Истеҳсоли Ту-134 дар соли 1989 комилан қатъ шуда, то ин вақт 854 Ту-134 сохта ба истифода дода шуд.

Лентаи хабарҳо
0