Зане аз ноҳияи Рӯдакӣ шавҳарашро бо санг кушта гӯр кард ва аз болояш семент рехт

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вақти азназаргузаронии ҳуҷраи хоби зани номбурда устухонҳои ҷасади шавҳараш дарёфт гардида, мавриди ташхис қарор доранд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе ҷинояти мудҳише баъди ду сол  ошкор шуд: зане аз ноҳияи Рӯдакӣ шавҳарашро ду сол қабл бо санг зада, кушта зери хок кардааст ва аз болояш семент рехтааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милиса ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои бозҷӯӣ зани 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир намуданд. 

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, зан моҳи сентябри соли 2016 дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳолати хоб будани шавҳараш ӯро куштааст.

"Зан аз хоб будани шавҳараш — марди 31-сола истифода бурда, бо санг якчанд маротиба ба сараш задааст, ки дар натиҷа шавҳараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Баъдан, номбурда замини ҳуҷраи хобашро канда, ҷасади шавҳарашро таги хок карда, аз болояш бо семент ҳамвор кардааст.

Дар вақти азназаргузаронии ҳуҷраи хоби зани номбурда устухонҳои ҷасади шавҳараш дарёфт гардида, мавриди ташхис қарор доранд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0