Аз Хоруғ то Кӯлобу Хуҷанд: ҳалокати 7 нафар тайи рӯзҳои истироҳат дар роҳҳо

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, тайи ду рӯзи истироҳати гузашта дар пайи садамаҳо 7 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод 11-уми август, Раҳимов Зафар, сокини 31-солаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми идораи "Опел" дар  ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, пиёдагард Ҳамроев Раҳимҷон, сокини 51-солаи ноҳияро зер кардааст. Дар натиҷа, Ҳамроев  дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Здание МВД в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи ВУД дар бораи садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб: сабаб-ноуҳдабароии ронандаи "Мерседес"

Садамаи дигари маргбор 12-уми август, соати 06:30 рух додааст. Сафаралӣ Муродов, сокини 21-солаи ноҳияи Восеъ, ҳангоми идораи "Дулон" дар роҳи Суғд — Душанбе,  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар Варзоб ба кӯҳпора бархӯрдааст. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД афзуд, ки шоми 11-уми август садамаи дигари маргбор дар Хоруғ ба қайд гирифта шудааст

"Алишер Ашрафбеков, сокини 27-солаи шаҳри Хоруғ ҳангоми идораи "Опел-Зефира" аз маҳаллаи ГЭС ба самти бозори марказии шаҳр, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Зинатшоева Сангинҷон, соли таваллудаш 1939, нафақахӯрро пахш намудааст", —иттилоъ дод ВУД.

Дар натиҷа Зиннатшоева ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи дигари пурқурбонӣ шоми 11 август дар минтақаи Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон додаанд.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала