Тошканд ҷузъиёти сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистонро эълон кард

© © Пресс-служба президента РТШавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон
Шавкат Мирзиёев и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон 17-18 августи соли ҷорӣ ба Узбакистон сафари расмӣ анҷом медиҳад

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд сафари расӣ анҷом медиҳад. Қарор аст зимни сафар, чандин санади муҳиме, ки сатҳи ҳамкории ду кишварро боло мебарад, ба имзо расад, иттилоъ додааст роҳбари дафтари матбуоти раисҷумҳури Узбакистон Комил Алламҷонов.

"Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба кишвари мо сафарӣ ҷавобӣ анҷом медиҳад. Раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 17 августи соли равон  вориди Узбакистон мешавад. Пас аз анҷоми дидору мулоқотҳо, қарор аст чанд санаде, ки сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Узбакистонро боло мебарад, ба имзо расанд", — хабар додааст Алламҷонов дар шабакаи иҷтимоии facebook.

Тарафҳо зимни мулоқот масоили сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт, соҳаи коммуникатсионӣ, инчунин фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкориҳои байни минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин онҳо дар бораи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки 17 август дар "Узэкспоцентр" намоиши маҳсулоти Тоҷикистон баргузор мешавад. Инчунин дар ҳамон рӯз консерти ҳунармандони ду кишвар низ баргузор мешавад, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев иштирок хоҳанд кард.

Рӯзи шанбе Раҳмон ҳамроҳ бо раиси порлумони Узбакистон, Нуриддин Исмоилов ва нахуствазири Узбакистон Абдулло Арипов  мулоқот мекунад. Сипас раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Самарқанд сафар хоҳад кард. 

Лентаи хабарҳо
0