Шарҳи ҳавошиносон: Тоҷикистон то кай чангу ғуборолуд мемонад?

© Sputnik Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, аксари минтақаҳои кишварро тайи 5 рӯзи оянда чангу ғубор фаро мегирад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсӣ, рӯзҳои 17 ва 18 август дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе чангу ғубор меояд. Манбаъ мегӯяд, баробари чангу ғубор, ки дар водиҳо то 21-уми август боқӣ мемонад, дар кишвар вазиши сахти шамол аз 13-18 то 17-20 метр дар як сония дар назар аст.  

Бар асоси иттилоияи Ожонсӣ 16 август дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 28-33 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  4+9 ва рӯзона +17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд имрӯз ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самт ғарб 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, дар базе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +17 +22 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +18+23 ва рӯзона +36+38 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала