Пешвози пуршукӯҳ: Мирзиёев шахсан ба пешвози Раҳмон баромад (АКС)

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури УзбакистонМирзиёев шахсан ба пешвози Раҳмон баромад
Мирзиёев шахсан ба пешвози Раҳмон баромад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Шавкат Мирзиёев, имрӯз 17 август вориди Тошканд шуд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳи Тошканд шахсан пешвоз гирифт.

Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон хабар медиҳад.

"Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов меҳмони олиқадр Эмомалӣ Раҳмонро раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури УзбакистонПешвози раисҷумҳури Тоҷикистон дар Тошканд
Пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон дар Тошканд - Sputnik Тоҷикистон
Пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон дар Тошканд

Дафтари матбуотӣ афзудааст, баъди пешвоз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони "Истиқлолият" гулчанбар гузошт.

Ёдрас мешавем, имрӯз кишвардори Тоҷикистон бо сафари дурӯза вориди Тошканд шуд. Дар ин сафар раисҷумҳурро ҳайъати калони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0