Боздиди Раҳмон аз "Артел", тавлидгари 500 навъи маҳсулот дар Узбакистон

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури УзбакистонБоздиди Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи "Артел" дар Узбакистон
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи Артел дар Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари давлатияш ба Узбакистон аз корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника - "Артел" боздид кард

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни боздид ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки  "Артел" соли 2011 таъсис ёфта, асосан барои хоҷагии халқи ин кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзғорро истеҳсол менамояд.

"Шумораи коргарони корхона то имрӯз беш аз 7400 нафар коргарони муҳандисӣ-техникиро ташкил медиҳад.  Иқтидори истеҳсолии онҳо зиёда аз 5 миллион дона техникаи маишӣ ва 10 миллион дона лампаҳои каммасрафи барқӣ буда, дар маҷмуъ 500 номгуи маҳсулот бароварда мешавад", — иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, ки маҳсулоти исеҳсолшуда ба бозори дохилӣ ва ба  Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо содир мегардад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, Эмомалӣ Раҳмон рақобатпазирии маҳсулоти "Артел"-ро таъкид карда, изҳор доштааст, ки талабот ба он дар Тоҷикистон низ зиёд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0