Дуохонии Раҳмон ва Мирзиёев дар назди мақбараи Ислом Каримов

© пресс-служба главы РУзПрезидент Таджикистана посетил мавзолей Ислама Каримова
Президент Таджикистана посетил мавзолей Ислама Каримова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боздиди Эмомалӣ Раҳмонро аз маҷмааи ёдгории Ислом Каримов дар Узбакистон таҷассумгари эҳтиром ба халқи ҷумҳурӣ номиданд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз Маҷмааи ёдгории Ислом Каримов дар Самарқанд дидан намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон.

"Онҳо ба қабри Ислом Каримов гул гузошта, аз Қуръон сураҳо тиловат карданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Тавре хабар дода мешавад, маҷмааи Ислом Каримовро ҳамарӯза ҳазорҳо меҳмонони хориҷӣ зиёрат мекунанд, ки дар байни онҳо тоҷикистониён кам нестанд.

"Бузургдошти хотири Ислом Каримов аз ҷониби президенти Тоҷикистон таҷассумгари эҳтироми раисҷумҳур ба миллати мост. Эмомалӣ Раҳмон дар маросмии видоъ бо Ислом Каримов низ шахсан иштирок карда буд", — қайд кард мешавад дар иттилои манбаъ.

Ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар бораи корҳои созандагӣ дар маҷмаа иттилоъ доданд.

Пештар раисҷумҳур бо раиси Маҷлиси Олии Узбакистон Нуриддин Исмоилов ва нахуствазири кившар Абдулло Орипов мулоқот карда буд.

Лентаи хабарҳо
0