Иншооти сатҳи ҷаҳонӣ: ширкати марбути Шамсулло Соҳибов аз андоз озод шуд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва соҳибкор Шамсулло Соҳибов, ҳангоми боздид аз "Сафед-дара", ноябри соли 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва соҳибкор Шамсулло Соҳибов, ҳангоми боздид аз Сафед-дара, ноябри соли 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати "Сафед-дара" зимни воридоти техникаю таҷҳизот ва маҳсулоти сохтмонӣ имтиёз дод

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ҳукумат техникаю таҷҳизот ва маҳсулоти сохтмониро, ки аз ҷониби ширкати "Сафед-дара" ворид карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намуд.

Бар асоси қарори Ҳукумат, ки моҳи равон қабул гардид, Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шуда, ки расмиёти дахлдорро саривақт иҷро кунад.

Тибқи гузоришҳо "Сафед-дара" ширкати марбут ба Шамсулло Соҳибов, соҳибкори маъруф, молики ширкати "Фароз" ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки ба рушди инфрасохтори варзиши зимистона дар кишвар сармоягузорӣ мекунад.

Президенти Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсараш дар Сафед-Дара - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсараш таҷҳизоти замонавии “Сафед-Дара”-ро санҷид

Маҷмааи лижаронию сайёҳии "Сафед-дара" моҳи декабри соли 2016 расман ифтитоҳ шуда буд, аммо баъди чанд моҳ дар иншоот лағжиш ба вуҷуд омад.  

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон, бо тасдиқи лағжиш дар "Сафед-дара" тобистони соли 2017 изҳор дошт, ки лоиҳа аз экспертизаи давлатӣ нагузашта буд ва бо ислоҳи камбудиҳо таҷдид хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, охири соли гузашта зимни шиносоӣ бо таҷдиди  "Сафед-дара" ва бунёди иншооти илоавгӣ дастур дода буд, ки иншооти сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта дар Маҷмаа, майдони бозии Пейнтбол, майдончаи варзишӣ, Зиплайн, Баги ва майдони аспсаворӣ сохта шуда, барои қабули дӯстдорони ин намудҳои варзиш омода мебошанд.

Маҷмааи Сафед-Дара. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бовар дорад, ки "Сафед-Дара" ҷойи дӯстдоштаи сайёҳон мешавад

Манбаъ мегӯяд, ширкати "Сафед-дара" инчунин нигоҳдории роҳи автомобилгарди "Пуғус-Такоб-Сафед-дара"-ро ба уҳда дошта, дар Маҷмаа барои моҳидорон ҳавз бо 2 ҳазор моҳии фаррел сохтааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки илова ба иншооти мавҷуда роҳбарияти Маҷмааи лижаронии "Сафед-дара" ба нақша гирифтааст, ки дар ин мавзеъ аттраксион барои бозиҳои арғамчинӣ, коттеҷҳои дуошёнаи истиқоматӣ, аспхона ва боғи ҳайвонот бо паррандаву ҳайвонҳои нодири хонагию ваҳшӣ, аз қабили уштур, хирс, бузи кӯҳӣ, қутос, навъҳои гуногуни сагҳо, рӯбоҳ, шағол, паланг, шер, кенгуру, маймунҳои мухталиф, шутурмурғ ва ғайра сохта ба истифода диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон супориш дода буд, ки бо сохтмони 5 километр роҳ хати лижаронӣ то ба баландии 3100 метр аз сатҳи баҳр бароварда шуда, нахуст ба масофаи 12 километр ва солҳои оянда то ба 20 километр дарозу васеъ карда шавад, то ин ки дар ин ҷо имкони баргузории чорабиниҳои варзишии зимистонаи сатҳи байналмилалӣ муҳайё гардад.

Лентаи хабарҳо
0