Нахуствазири Узбакистон дучори садама шуд

Обуна шудан
Худрави нахуствазири Узбакситон, Абдулло Арипов ҳангоми бозгашт аз Бекобод ба Тошканд дучори садама шудааст

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Дар натиҷаи садама нахуствазири Узбакистон Абдулло Арипов дар бемористон бистарӣ шуд, иттилоъ додааст gazeta.uz дар истинод бо манбаъ дар Ҳукумати Узбакистон.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса шоми гузашта, ҳангоми бозгашти нахуствазир аз Бекобод ба Тошканд рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи худрави Damas аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада, ба мошини нахуствазир бархӯрдаст, ки дар натиҷа Арипов ва ҳамсафари ӯ ҷароҳат бардоштаанд.

Дар пайи садама нахуствазири Узбакистон осеби сабуки ҷисмонӣ гирифта, дар бемористон бистарӣ шудааст. Як нафари дигар, ки бо нахуствазир ҳамсафар будааст, осеби ҷиддии ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳолати мазкур таҳти тақиқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. 

Лентаи хабарҳо
0