Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафар кард

© Пресс-служба президента Таджикистана Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзада
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзада - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, ҳамроҳ бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти сохтмони чандин иншооти ҷамоати деҳоти Хизтеварз ошно шуд

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои бунёди мактаби нави замонавӣ санги асос гузоштанд, иттилоъ додааст Ҳукумати вилояти Суғд.

Ба гуфтаи манбаъ, мактаби нав барои ҳазор нафар хонанда пешбини шуда, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ ва сохта мешавад.

Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода дар ҳузури кормандони соҳаи маориф ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Хистеварз суханрони намуда, таъкид намудааст, ки бахшида ба 30-солагии истиқлолият дар тамоми кишвар корҳои ободонӣ ба маротиб афзудааст.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода бо дастовардҳои сокинони Хуҷанду Бӯстон шинос шуд

"Бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи мардум дар ҷамоату деҳот ва маҳаллаҳои аҳолинишин, бунёди инфрасохтори зарурӣ, аз чумла мактабу кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ ва таваллудхонаҳо, сартарошхона, ҳаммом, кошонаи ҳусн, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, коргоҳҳои дузандагӣ ва амсоли ин дар зарфи се соли оянда ба нақша гирифта шудааст", таъкид кардааст нахуствазир.

Қоҳир Асулзода афзудааст, ки ин ҳама тадбирҳои ободонӣ бо дастгирии соҳибкорон, шахсони хайрхоҳ, мақомоти маҳаллӣ дар ҳамдасти бо давлату Ҳукумат амалӣ мегардад.

Сипас Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди Маркази саломатии кӯдакон дар ҷамоати деҳоти Хизтеварз ширкат намуданд.

Сарвазири таъкид кард, ки таҷҳизотҳои тиббӣ, ба монанди рентгени рақамӣ ва таҷҳизоти гармидиҳанда барои кӯдакони навзод, ки ба он беморхонаи ҷамоат ниёз дорад, дар соли 2019 дастрас хоҳад шуд.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода на официальном приеме торговой ярмарки СУГД-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Суғд: то 30-солагии Истиқлолият беш 260 иншоти соҳаи тандурустӣ бунёд мешаванд

Инчунин дар ҳамин рӯз Қоҳир Расулзода ва Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии кӯчаҳои Маҳмуд Охунов, Оқилбой Ҳошимов, Оқилбой Дадабоев ва Абдуғаффор Ҳасанов ҳусни оғоз бахшиданд.

Инчунин сарвазир зимни суханрониаш бо фаъолони деҳоти Хизтеварз дар бораи масъалаи таъмини аҳолии деҳоти Хистеварз бо оби нушокӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, афзоиши хаҷми истеҳсоли меваву полезиҳо, рушди соҳаи чорводориву парандапарварӣ, таъмири роҳҳо ва дар умум таҳияи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон изҳори назар кард. 

Лентаи хабарҳо
0