Ҷаласаи Ҳукумат баъди бозгашт аз Тошканд: раисиҷумҳур бардошташро аз Узбакистон баён кард

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 20 август дар ҷаласаи Ҳукумат натиҷаҳои сафараш ба Узбакистонро мавриди баррасӣ қарор дод

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни натиҷагирии сафари давлатияш ба Узбакистон изҳор дошт, ки ин сафар бо натиҷаҳои пурсамар дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.

"Яке аз натиҷаҳои пурарзиш ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад", — изҳор дошт манбаъ.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, зимни ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон ба саноатчиён, тоҷирону соҳибкорон барои муаррифии намунаҳои беҳтарини молу маҳсулот, дастовардҳои саноатии кишвар дар намоишгоҳи "Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст" ва ба таҳиягарон, аҳли ҳунару санъати ҷумҳурӣ барои пешниҳоди барномаи бошукуҳу пурмазмуни консертӣ дар «Шоми дӯстӣ» миннатдории самимии худро иброз дошт.

Эмомалӣ Раҳмон мақомоти Тоҷикистонро муваззаф кард, ки барои татбиқи созишномаҳои имзошуда бо Узбакистон чораандешӣ кунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон сафарҳои давлатии ҷавобии сарони давлатҳо, имзои санадҳо, баргузории бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии кишварҳо, барномаҳои фарҳангии шоми дӯстӣ дар ҳарду давлат, кушодани 16 гузаргоҳи сарҳадии байни ҷумҳуриҳо, барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ, роҳҳои мошингузар, фаъолияти назарраси Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва дигар омилҳо имкон фароҳам оварданд, ки халқи тоҷику узбак боз ба ҳам оянд, рафтуомади хешутабориро мустаҳкам намоянд.

Раисиҷумҳур инчунин супориш додааст, ки ба муносибати ҷашни умумимилии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ  вусъат дода шаванд.

Лентаи хабарҳо
0