Рустам Хоҷаев пас аз барканорӣ аз "Хуҷанд" сармурабии "Панҷшер" таъин шуд

© ФФТРустам Ходжаев стал новым главным тренером "Панджшера"
Рустам Ходжаев стал новым главным тренером Панджшера - Sputnik Тоҷикистон
Тими футболи "Панҷшер" 26 август бо роҳбарии сармурабии навтаъин дар мусобиқаи 15-уми қаҳрамонии Тоҷикистон бо дастаи "Хуҷанд" ба майдон мебарояд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Рустам Хоҷаев — собиқ сармураббии клуби футболи "Хуҷанд" сармураббии тими футболи  "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолуддин Балхӣ таъин гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Дар бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон тими "Панҷшер" бо 11 имтиёз дар ҷойи 7-ум қарор дорад.  Тими "Панҷшер" 26 август бо роҳбарии сармурабии навтаъин дар мусобиқаи 15-уми қаҳрамонии Тоҷикистон бо дастаи "Хуҷанд" ба майдон мебарояд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, Рустам Хоҷаев мутахассиси 45-солаи тоҷик моҳи феврали соли равон аз вазифаи сармурабии клуби футболи "Хуҷанд" барканор шуда буд.

Тағйирот дар ҳоле сурат гирифт, ки тими футболи "Хуҷанд" дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 аз тими "Аҳал"-и Туркманистон шикаст хӯрд.

Рустам Хоҷаев, ки зери роҳбарии ӯ "Хуҷанд" соли гузашта медалҳои нуқраи Қаҳрамонии Тоҷикистон ва Ҷоми Тоҷикистонро сазовор шуд, бо сабаби нишон додани бозии ғайриқаноатбахш дар Ҷоми КФО-2018 аз вазифа сабукдӯш шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала