БДА: рейд дар Хоруғ 65 ҳолати қоидавайронкуниро ошкор кард

© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳадаф аз баргузории рейд пешгирии садама ва ба тартиби муайян даровардани интизомнокӣ дар самти нақлиёт дар минтақаи ВМКБ мебошад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Рейди БДА дар Хоруғ дар як рӯз 65 ҳолати қоидавайронкуниро ошкор кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар шаҳри Хоруғ ва дигар шаҳру навоҳии ВМКБ бо мақсади пешгирӣ намудани садамаҳои роҳу нақлиёт ва беҳтар ба роҳ мондани бехатарии ҳаракат дар роҳ, амалиёти "Тартибот" (рейдҳо дар самти нақлиёт) гузаронида шуда истодаанд.

"Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама пешгирӣ намудани садамаҳои роҳу нақлиёт, ба низом даровардани бехатарии ҳаракат дар роҳҳои вилоят ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони ҷавон мебошад", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Автомобильные номера в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БДА рақамҳои зебои силсилаи "НР" - 01 ва "DD" - 07- ро мефурӯшад

Ҳамин тавр, дар ҳудуди вилоят 21-уми августи соли равон 65 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ аз тарафи кормандони ШБДА-и вилоят ошкор карда шуда, 3-адад воситаҳои нақлиёти бо оинаҳои сиёҳшиша маҳкам кардашуда, 6- адад автомашина аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронида шуданд.

Ҳамзамон аз тарафи кормандони ШБДА РВКД дар ВМКБ бо теъдоди зиёди ронандагони ҷавон корҳои фамондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар 7 моҳи соли равон 12 садамаи нақлиёти ба қайд гирифта шудааст.

Минбаъд, ҳам барои бартараф намудани чунин камбудиҳои ҷойдошта дар самти нақлиёт, рейдҳо аз тарафи кормандони ШБДА РВКД дар ВМКБ ва бахшу гуруҳҳои он дар миқёси вилоят гузаронида мешаванд.

Инчунин ВУД Тоҷикистон аз ронандаҳо хоҳиш намудааст, ки ба талаботҳои БДА сари вақт риоя намуда, барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ, рақамҳои давлатии силсилаи нав ва дигар ҳуҷҷатҳои воситаи нақлиёт ба ШБДА РВКД дар ВМКБ муроҷиат намоянд.

Лентаи хабарҳо
0