"Ал-Қоида метавонад дар Сурия ҷойгузини ДОИШ шавад"

© Sputnik / Grigoriy Sisoev / Гузариш ба медиабонкПостоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете безопасности ООН Василий Небензя
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ бар онаст, ки ДОИШ ва Ал-Қоидаро танҳо метавон дастаҷамъона ногбуд кард

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ба гуфтаи Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ, дар Сурия гурӯҳи терористии Ал-Қоида (мамнӯъ дар Тоҷикистон метавонад ҷойгузини ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) шавад.

"Баъд аз шикасти гуруҳи террористии ДОИШ дар Сурия ташабусси муқовимат ба раванди сулҳ дар ин кишварро метавонад гурӯҳи террористии Ал-Қоида ба даст гирад", —гуфт Недензя.

Ба гуфтаи вай, бо заифшавии муқовимати ДОИШ, фаъолияти гуруҳии террористии Ал-Қоида дар Сурия афзоиш ёфтааст. Маблағгузории ин гурӯҳ дар як моҳ аз 20 то 40 милион долларро ташкил медиҳад.

Вай таъкид кард, ки гурӯҳи террористӣ равобити худро бо филиалҳояш дар Африқои шимолӣ пурзур намудааст. Ин гурӯҳ кӯшиш дорад, тиҷорати криминалиро назорат кунад.

"Ба таҳдидҳои ДОИШ, Ал-Қоида ва гурӯҳҳои ба онҳо вобаста метавон танҳо дастаҷамъона хотима бахшид", —ёдрас шуд намояндаи расимии Русия дар СММ.

Лентаи хабарҳо
0