Ҷавони тоҷик аз ошёнаи 7 афтиду зинда монд

Муҳоҷири 23-солаи тоҷик дар Русия аз ошёнаи 7 ба замин афтида, маҷруҳ шудааст

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тавре расонаҳои маҳаллии Санкт Петербург хабар медиҳанд, ҳодисаи нохуш дар маҳаллаи Муринои хиёбони Воронтсовск дар майдони сохтмони маҷмааи истиқоматии "Гринландия" рух дод.

"Ҳодиса тақрибан соати 19-и 25 август рух дод. Шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон аз баландии беш аз 20 метр ба поин сарозер шудааст", — иттилоъ додааст манбаъ.

Ҷабрдида дар беморхонаи Токсовск бистарӣ шудааст. Ба гуфтаи табибон мағзи сар ва шиками муҳоҷири меҳнатӣ осеб дида, се қабурға ва устухони ронаш шикастаанд.

Феълан таҳқиқи ҷузъиёти ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала