Гузориши генерал аз иҷрои супориши Рустам Эмомалӣ: талабандагию либос дар пештоқҳо кам шуд

© Пресс служба президента РТГенерал-майор милиции Шариф Назарзода
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Генерал Шариф Назарзода, сардори милисаи шаҳри Душанбе ҳангоми мулқот бо фаъолон дар ноҳияи Шоҳмансур риояи одоби шаҳрдориро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе, генерал Назарзода аз ҷумла дар мавриди иҷрои қарори махсуси Рустами Эмомалӣ, раиси пойтахт дар бораи гуруҳҳои таблиғотӣ гузориш додааст. 

"Ҷиҳати иҷроиши Қарори махсуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 "Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе" дар якҷоягӣ бо масъулини шаҳрдорӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ амалиёти маърифативу профилактикии "Одоби шаҳрнишинӣ" роҳандозӣ карда шуд ва гурӯҳҳои корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд", — изҳор доштааст сардори милисаи Душанбе.

Махмадсаид Зувайдзода первый заместитель председателя города Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зувайдзода: Рустами Эмомалӣ шахсан facebook мехонад

Ба гуфтаи Шариф Назарзода маҳз дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ падидаҳои ба фарҳангу маданият ва маърифати волои миллати тоҷик доғоваранда, аз ҷумла оворагардию талбандагӣ, савдои кӯчагӣ, риоя накардани талаботи санитарию гигиенӣ зимни фурӯши ғизо,  овезон намудани либос дар пештоқ — балкони биноҳои баландошёна, риоя накардани пушидани либоси ягона аз ҷониби фурушандагони баъзе аз марказҳои савдо ва бозорҳо дар доираи амалиёти "Одоби шаҳрнишинӣ" бартараф карда шуда, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ боз ҳам ҷоннок гардидаст.

Дар идома генерал Назарзода аз задухӯрдҳои гурӯҳии ҷавонон изҳори нигаронӣ карда, хостори решакан кардани ин зуҳурот шудааст. Ӯ таъкид намудааст, ки бо фарорасии соли нави хониш назорати ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғон пурзӯр карда шавад.  

Масъалаи дигаре, ки мояи нигаронии Назарзода шудааст, ҷинояткорӣ дар доираи оила ва муносибатҳои хешовандӣ мебошад. Ӯ дар хотима изҳор доштааст, ки  дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон барои солимии ҷомеа камари ҳиммат баст ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Лентаи хабарҳо
0