Бо сарфи 36 миллион: ифтитоҳи мактаб нав бо иштороки раисҷумҳур дар Душанбе

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл новую школу в Душанбе
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл новую школу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-ро ифтитоҳ намуд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе дар остонаи таҷлили солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ва соли нави таҳсил як мактаби муоссири таҳсилоти миёнаи умумии №55-ро дар ноҳияи Шоҳмансур ифтитоҳ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ба гуфтаи манбаъ, муассисаи таълимии мазкур аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент барои таҳсили беш аз 3 ҳазор хонанда ва бо сарфи қариб 36 миллион сомонӣ сота шудааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл новую школу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бо сарфи 36 миллион: ифтитоҳи мактаб нав бо иштороки раисҷумҳур дар Душанбе

Пас аз ифтитоҳи мактаби №55 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар назди аҳли маориф, омӯзгорону хонандагони шаҳри Душанбе суханронӣ карда, вазъи имрӯзаи соҳа ва нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти рушди минбаъдаи мактабу маориф баррасӣ намуд.

Муассисаи таълимӣ барои беш 3 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар масоҳати наздик ба 2 гектар бунёд ёфтааст. Иншоот аз ду бино иборат буда, бинои якум аз 3 қисмати 4-5 ошёнагӣ ва бинои 2-юм аз 1 қисмат иборат мебошад.

"Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 ҳамчунин дорои синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои физика, химия, биология ва омодагии дифои ҳарбӣ буда, синфхонаҳои фаннӣ бо аёниятҳои дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ таъмин гардидаанд", — таъкид кардааст манбаъ.

Мэр город Худжанд Маъруф Мухаммадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба раисиҷумҳур писанд нашуд: дастури назорати сифати либосу лавозимоти мактабӣ

Ҳамчунин ба гуфтаи манбаъ дар таълимгоҳ 4 синфхонаи лингафонӣ бо муосиртарин техникаи омӯзишӣ ва 4 синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст.

"Шароити фароҳамовардашуда имконият медиҳад, ки хонандагон нозукиҳои дарсро бо компютеру дигар дастгоҳҳои насли нав ҳамаҷониба омӯзанд", — афзуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Муассисаи таълимӣ ҳамзамон дорои майдонча барои бозиҳои футбол ва волейбол буда, гирду атрофи иншоот бо дарахтони мавсимӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ кабудизор карда шудааст.

Зимни суҳбат Пешвои миллат толибилмонро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои гуногун, бахусус азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, ба омӯзгорон дастур доданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ бошанд.

Лентаи хабарҳо
0