Номбардорони миллат: набераи Зиёдулло Шаҳидӣ сазовори боз як ҷоиза гардид

© Министерство Культуры РТФарангис Нуруллозода, внучка знаменитого композитора Зиёдулло Шахиди
Фарангис Нуруллозода, внучка знаменитого композитора Зиёдулло Шахиди - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдрас мешавем, ки соли 2017 Фарангис Нуруллохоҷа сазовори нишони тиллоии "Global music" шуда буд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Фарангис Нуруллохоҷа — композитори машҳури Тоҷикистон ва Канада, набераи композитори машҳури ҷаҳонӣ Зиёдулло Шаҳидӣ сазовори Идрори Гуггенхайм гардид. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ҷоизаи Бунёди таърихии Джон Саймон Гуггенхайм ба шаҳрвандони Амрико, Канада ва Амрикои Лотинӣ, ки дар соҳаи санъат ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд ва бо фаъолияти худ сазовори истеъдоди фавқулодда буданашонро собит кардаанд, супорида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки соли 2017 Фарангис Нуруллохоҷа, сазовори нишони тиллоии "Global music" шуда буд.

"Эҷоди мусиқӣ — ин саёҳат ба олами то ҳол кашфнашуда, ҷустуҷӯи оҳанг дар фазое мебошад, ки касе надидааст ва нашунидааст", —мегӯяд Фарангис.

Фарангис Нуруллохоҷа дар шаҳри Душанбе дар оилаи арбоби санъат ба дунё омадааст.

Маълумоти олиро дар Консерваторияи Шветсия гирифта, баъдан дар Амрико ва Фаронса такмили ихтисос кардааст.

Вай бо осораш дили ҳаводорони санъати классикиро дар аксари кишварҳои дунё ба даст овардааст.

Лентаи хабарҳо
0