Осиё - 2018: Устопириён ва Мирмамадов барои Тоҷикистон медал оварданд

Обуна шудан
Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳ Устопириён ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов барои тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё - 2018 ду медали дигар оварда, шумораашонро ба 5 расонданд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Устопириён дар сабқати ҷудо бо паҳлавони қазоқ, Ислом Бозбоев пирӯз шуда, дар вазни то 90 кило медали биринҷиро ба даст овард.

Инчунин ҷудокори тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Қаблан дар Бозиҳои Осиё — 2018, Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ,  Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 81 кило дар куштии кураш медалҳои нуқра ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0