Нишасти изтирории ҳавопайморо дар Сочи ба навор гирифтанд (НАВОР)

Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори оташгирии ҳавопаймои ширкати Utair Boeing 737, ки дар Сочи нишасти изтирорӣ анҷом дод, пайдо шуд

Ҳавопаймои Boeing 737-800, парвози Маскав-Сочи, ҳангоми фурудоӣ аз  ҳудуди хутути парвоз берун баромада, ба маҷрои дарё афтидаст. Дар натиҷа поя ва қаноти ҳавопаймо шикаста, муҳаррики чапи он оташ гирифтааст. 

Дар ҳавопаймо 164 мусофир ва 6 сарнишин буданд. Айни замон маълум аст, ки дар пайи садама 18 тан ҷароҳат бардоштаанд, ки аз он се нафарашон кӯдак мебошанд. 

Шаш маҷрӯҳ фаврӣ ба бемористон интиқол дода шуданд.

Лентаи хабарҳо
0