Баҳси зино ва "рейд"-и телефондорҳо дар ҷойхоби занони тоҷик: эътироз алайҳи наворпаҳнкунӣ

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкПоиск номера, архивное фото
Поиск номера, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон алайҳи оммавӣ кардани наворҳои маҳрамона, ки вақтҳои охир зиёд зери унвони "Зино" дар интернет нашр мешаванд, эътироз карданд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Шаҳноз Комилзода, блогери маъруфи тоҷик, алайҳи оммавӣ кардани чунин наворҳои ҳаёти шахсӣ дар интернет изҳорот дода, таъкид намудааст, ки чунин масъалаҳои маҳрамона бояд дар доираи зану шавҳар, хонавода ва додгоҳ ҳал шаванд.

Ӯ алайҳи "рейд"-ҳои дағалонаи ба истиллоҳ телефондорҳо дар ҷойҳои хоби занон эътироз карда, паҳнсозии чунин наворҳоро нақзи ҳуқуқи занон ва як навъ бадномсозӣ хонд.

Влюбленная пара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҳдиди сокини Деваштич ба маъшуқааш: пул деҳ, ё навори урёнатро паҳн мекунам

Пайравони руҳоният низ изҳор медоранд, ки чунин наворҳо агар сабт шуда бошанд ҳам, ҳамчун далел дар доираи хонавода истифода шаванду тоза гарданд ва ҳаргиз набояд оммавӣ шаванд. Онҳо мегӯянд, ҳамсоя ва наздикон агар шоҳиди зино шаванд набояд чашм пӯшанд, аммо оммавӣ кардани чунин наворҳо на танҳо хилофи қонун, балки хилофи арзишҳои инсонист.

Дар ҳамин ҳол наворҳое, ки зери унвони зино дар интернет нашр шудаанд, миллионҳо тамошобин гирифтаанд. Дар яке аз охирин чунин наворҳо афроде бо телефон вориди хонаи хоби ҷавонзане мешаванду марди дигареро, ки дар хона нишаста буд, ба навор мегиранд. Наворбардорҳо ҷавонзанро, ки мегӯяд, шавҳараш дар муҳоҷират аст, мавриди пурсупос қарор медиҳанд, ки чаро дар ғайби шавҳар шабона марди бегонаро ба хонаи хобаш роҳ додааст. Аммо зан мегӯяд, ин ҷавон хешаш аст ва барои намозхонӣ омадаасту ба зудӣ меравад ва мард низ ба хешованд буданашон пойфишорӣ мекунад. Дар навори дигар, марде, ки ҳамроҳи ин ҷавонзан дар хонаи хобаш қарор дошт, изҳор медорад, ки воқеан бо ҷавонзан муносибати маҳрамона доштаасту аз шавҳари зан узр мепурсад.

Ин қазияро, ки яке аз силсиланаворҳо дар бораи зино мебошад, дар шабакаи Ютуб ҳудуди ду миллион нафар тамошо кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0