Боздошти 2 нафар ҳангоми фурӯши кислота бо нархи 20 ҳазор доллар дар Душанбе

© дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣМуттаҳамон дар қочоқи кислотаи мадҳушкунанда
Муттаҳамон дар қочоқи кислотаи мадҳушкунанда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи кимиёвии мадҳушкунандаи нашъадор хабар дод

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД маъмурини милисаи ноҳияи Шоҳмансур дар шаҳри Душанбе,  Мухаммедов Муҳаммадхони 27-сола ва Халилов Комилҷони 43-сола, истиқоматкунандагони ҷамоати Хистеварзи  ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт намудаанд.

Манбаъ мегӯяд, муттаҳамон ҳангоми ба фурӯш гузоштани 120 килограм маҳлули махсус, ки ба воситаҳои перекурсорҳо шомил мебошад, дастгир гардиданд. Мақомот инчунин аз боздошти ронандаи кироякаш Хайриддинов Илҳомиддин хабар доданд, аммо парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду муттаҳами асосӣ оғоз гардидаст.

"Муайян шуд, ки маҳлули мусодирашуда ангидриди кислотаи атсетат буда, ба рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва перекурсорҳо шомил буда, барои омода намудани воситаҳои нашъадор истифода мешавад", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки муттаҳамон маводи мазкурро аз шаҳрванди Қирғизистон харида, тариқи қочоқ вориди Тоҷикистон кардаанд ва ҳангоми қасди фурӯш бо маблағи 20 ҳазор доллар дар Душанбе боздошт гардиданд.

Феълан  Мухаммедов Муҳаммадхон ва Халилов Комилҷон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 202 иловаи 1-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Лентаи хабарҳо
0