Дастурамали либоси занон таҳия шуд: тавсия алайҳи сатр, топик, нимдоман, деколте ва калӯш

© © МОСТОбщество студентов Таджикистана "МОСТ", архивное фото
Общество студентов Таджикистана МОСТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон”-ро пешниҳод намудааст

ДУШАНБЕ, 3 сент — Sputnik. Вазорати фарҳанг дар якҷоягӣ бо кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ "Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон"-ро пешниҳод намудааст.

Тибқи иттилои хабаргузории "Ховар" дастурамали мазкур, тарзи либоспӯшӣ дар вақту маконҳои муайянро тавсия медиҳад.

Женщина в национальной одежде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанг низ ба кормандонаш либоси тавсиявӣ пешниҳод мекунад

"Ҳар фард бояд бо кадом либос ҳузур доштани худро дар хона, назди ҳавлӣ, гирду атроф, ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаву муассисаҳо, ҳамоишҳои гуногун донад ва худро бо тарзи дурусти либоспӯшӣ муаррифӣ намояд", — гуфта шудааст дар Дастурамали мазкур.

Ба гуфтаи манбаъ, либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ дошта, он як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад

"Барои духтарон ва бонувон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯшӣ, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастагии бадан намоён мешаванд, либосҳо, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия намешавад", — таъкид шудааст дар Дастурамал.

Галстук с флагом Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дастурамали либоси мардона нашр хоҳад шуд

Сабоҳат Маҳмадалиева, мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории  "Ховар" изҳор доштааст, ки дастурамали мазкур хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либосӯшии миллӣ роҳандозӣ шудааст.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, таъкид кардааст, ки дастурамали мазкур танҳо либосҳои духтаронаву занона дар бар гирифтааст ва дар оянда либосҳои мардона низ дар шакли дастури алоҳида пешниҳод хоҳад шуд.

Инчунин, дар бештари соҳаҳо ва бахшҳои мухталиф, идораву муассиса, корхонаву коргоҳҳо, вобаста ба шароити кор, либосҳои махсус (униформа) тавсия шудааст.

Лентаи хабарҳо
0