Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Бо дӯстӣ ҷудо шудем: Қодиров дар бораи бозгашти футболбози тоҷик ба "Ахмат"

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузаштан ба хазинаи аксГлава Чеченской республики Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чеченской республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, аз бозгашти Рашид Раҳимов, футболбози маъруфи тоҷик, ба мақоми сармураббии тими "Ахмат", собиқ "Терек" истиқбол кардааст

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Қодиров дар саҳифааш дар шабакаи Телеграм навиштааст, ки "Ахмат" барои Раҳимов тими бегона нест ва ӯ дар шаҳри  "Грозний", чун дар хонаи худ мебошад.

"Мо бо дӯстӣ аз ҳам ҷудо шуда будем ва имрӯз ба Рашид Мамадқулович боз мегӯем, ки ба хонаи худат хуш омадӣ", — навиштааст Қодиров дар саҳифаи интернетии худ.

Тренер Рашид Рахимов - Sputnik Тоҷикистон
Рашид Раҳимов: Тоҷикистон дар сабқатҳои байналмилалӣ ҷонибдори Русия аст

Раисиҷумҳури Чеченистон зикр кардааст, ки 3,5 сол Рашид Раҳимов сармураббии тими "Ахмат" буда, охири соли 2017 баъди анҷоми муҳлати шартномааш  тасмими танаффус гирифт.

Қодиров таъкид намудааст, ки дар аҳди Рашид Раҳимов дастаи "Ахмат" ба беҳтарин нишондод дар таърихаш ноил шуда, дар мавсими солҳои 2016 — 2017 дар зинаи 5-ум қарор дошт. Феълан тими "Ахмат" дар зинаи 10-ум қарор дорад.

Ахиран Лигаи олии Русия иттилоъ дод, ки Рашид Раҳимов ба мақоми сармураббии "Ахмат"  баргашта, бо бошгоҳ барои ду сол созишнома имзо кард. Ӯ дар ин мақом Игор Ледяховро иваз кард, ки ахиран ба истеъфо рафт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала