Мудирони мактабҳоро дар Узбакистон волидайн интихоб мекунанд

Обуна шудан
Дар мактабҳои Узбакистон шӯроҳои махсус ташкил карда мешаванд, ки аъзои он мудирони мактабҳоро интихоб ва аз кор озод мекунанд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Дар Узбакистон дар мактабҳои миёна шӯроҳои махсус ташкил карда мешавад, ки онҳо ваколати таъйин ва аз кор озод кардани мудирони мактабро пайдо мекунанд. Ин нукта дар қароре дар бораи чораҳои идораи таҳсилоти мардумӣ таъкид шудааст.

Ташаббускори ин иқдом Вазорати маорифи Узбакистон буда, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро онро дастгирӣ намудааст.

Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон барои ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон сабукиҳо пешниҳод кард

Аз 1 октябри соли равон фаъолияти шӯрои парасторон дар мактабҳо қатъ карда мешавад ва ба ҷои он шӯрои нозирон бидуни мақоми шахси ҳуқуқӣ ташкил карда мешавад.

Ба шӯрои мазкур волидайни фаъол, хатмкунандагон, сармоягузорон ва дигар шахсоне, ки метавонанд ба муассисаи таълимӣ кумаки молӣ расонанд, шомил хоҳанд шуд.

Шӯро ваколат дорад мудиронеро, ки Вазорати маориф пешниҳод мекунад, интихоб намояд. Инчунин шӯро метавонад пешниҳод намояд, ки мудири мактабро аз кор озод намоянд.

Ҳамчунин аъзои шӯрои мазкур метавонанд роҳҳои рушди мактаб, барномаҳои молиявӣ ва хизматрасониҳои пулие, ки мактаб пешниҳод мекунад, муайян намояд.

Ғайр аз ин шӯрои мазкур муроҷиати талабаҳо ва волидайни онҳоро баррасӣ карда, миёни талабаҳову волидайн дар бораи фаъолияти омӯзгорон назарпурсӣ мегузаронад.

Лентаи хабарҳо
0