Эмомалӣ Раҳмон аз Путин, Трамп, Мирзиёев ва Си Ҷинпин табрикнома гирифт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар арафаи фарорасии ҷашни 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Си Ҷинпин, раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, табрикнома фиристода шуд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ фиристоданд.

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон саломативу муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу осоиштагиро таманно кардааст.

Путин таъкид намудааст, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон ба анъанаҳои неки дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд. Миёни кишварҳоямон муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ, ҳамкории самарабахш дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин ҳамгироии созанда дар ҳалли мушкилоти мубрами минтақавӣ ба роҳ монда шудааст.

Амнистированные заключенные Вахдатской колонии - Sputnik Тоҷикистон
Президент бори аввал дар арафаи Истиқлолият 250 зиндониро авф кард

"Мутмаинам, ки мо дар оянда низ иттифоқӣ ва шарикии стратегии миёни Россияву Тоҷикистонро ба манфиати халқҳоямон ва ба хотири суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба таҳким мебахшем", — гуфтааст Путин.

Шавкат Мирзиёев дар номаи табрикотии худ дар саҳми шахсии Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамҷавории нек ва ҳамкории зичи давлатҳо ва мардумонамон таъкид кардааст.

"Вохӯриҳои мунтазам ва эътимоднок ва ташрифҳои мутақобилаи таърихиамон дар сатҳи олӣ, ки соли равон анҷом дода шуданд, инчунин сафари давлатии аввалини Шумо ба кишвари мо моҳи гузашта муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварданд", — афзудааст Мирзиёев.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар номаи табрикотиаш гуфтааст, ки дар ҷараёни ҳамоиши СҲШ, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Синдаои Чин баргузор шуд, мо бо Шумо гуфтушунидҳои самаранок гузаронида, ва барои тақвияти ҳамкорӣ миёни давлатҳоямон дар ҳамаи самтҳо ба тавофуқоти муҳим расидем.

Ба гуфтаи вай дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ, рушди босуръати иқтисодӣ, беҳтаргардии мунтазами некӯаҳволии мардум ва тақвияти нуфуз ҳам дар минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ ба назар мерасад.

КПП Патар в Канибадаме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон бори аввал аст, ки дар ҷашни Рӯзи истиқлолият сарҳадро бо Тоҷикистон намебандад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз солҳои сипаришудаи шарики бо Тоҷикистон сипосгузорӣ намудааст.

"Тӯли ин муддат, Иёлоти Муттаҳида дар паҳлӯи Тоҷикистон ҳамчун шарик баҳри шукуфоӣ ва амният қарор дошт. Алалхусус, дар робита ба ҳамлаи террористӣ, ки тобистони соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷодаи мубориза алайҳи терроризм изҳори сипос менамояд. Мо минбаъд низ ҷиҳати тақвияти раванди мубодилаи иттилооти зарурӣ ӯҳдадориҳоямонро идома хоҳем дод, то ки чунин ҳодисаи нохуш ҳаргиз такрор наёбад", — таъкид кардааст Трамп.

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Подшоҳи Белгия — Филипп, раисҷумҳури Австрия — Александр Ван дер Беллен, Президенти Румыния — Клаус Вернер Йоханнис, раисҷумҳури Сингапур — Ҳалима Якуб, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ — Матамела Сирил Рамафоза, Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои вазирон ва Вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ — Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Котиби Генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ — Юрий Хачатуров ва дигарон расиданд.

Лентаи хабарҳо
0