Бозии рафиқона бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт

© Sputnik Каллиников КириллЛетний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве
Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Бозии дӯстонаи дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва тими “Динамо”-и шаҳри Самарқанд бо ҳисоби баробар анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Шоми гузашта дар варзишгоҳи "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон"-и шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои футболи "Хуҷанд" ва"Динамо"-и шаҳри Самарқанд бозии рафиқона баргузор шуд.

Ба гуфтаи манба бозии дӯстона бо ҳуҷумҳои пайдарпайи дастаҳо ҷараён гирифт ва меҳмонон дар дақиқаи 31 — ум ҳисобро боз намуданд.

Муаллифи гол дастаи "Динамои"-и Самарқанд Дилмурод Каримов гардид.

Аммо Футболбозони дастаи "Хуҷанд" ташаббуси бозиро ба даст гирифта ҳисоби бозиро баробар мекунад. Дар дақақаи 52-ум Ҷаҳонгир Эргашев тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон кард.
Ҳисоби то охир бозӣ тағйир наёфт ва ҳамин тавр дидори дӯстона бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала