Бозии ҷаҳонии қабилаҳо: дастаи Мурғоб ва Анақулов, Абдулҳаев, Ҳасанов бо медал баргаштанд

© © Sputnik / Табылды КадырбековПамирские Кыргызы на церемонии открытия Всемирных игр кочевников-2018
Памирские Кыргызы на церемонии открытия Всемирных игр кочевников-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми ҷаҳонии қабилаҳо, World Nomad Games, ки аз 1 то 8 сентябр дар Чолпонотаи Қирғизистон баргузор шуданд, 5 медал - 1 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст овард

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин бозиҳо 1976 варзишгар аз 74 кишвар дар 37 намуди варзиш қувваозмоӣ карданд.

Манбаъ мегӯяд, қувваозмоиҳо дар намуди куштии алиш (Қирғизистон), кураш (Узбакистон), самбо (Русия), камарбандӣ (Тоҷикистон), паҳлавонӣ (Эрон), куреш (Қазоқистон), гюлеш (Озарбойҷон), гуреш (Туркманистон), сумо (Ҷопон), ссирим (Кореяи Ҷанубӣ), бох (Муғулистон), мангала (Туркия), овари (Африқо), бандкашӣ, дастхобонӣ, бузкашӣ, аспсаворӣ, камонварӣ ҷараён гирифт.

Комроншох Устопирён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Осиё - 2018: Устопириён ва Мирмамадов барои Тоҷикистон медал оварданд

Медали тиллои Тоҷикистонро Фарҳод Анақулов дар куштии  гюлеши озарӣ ба даст овард. Фарҳод, ҳамчунин дар куреши қазоқӣ ҷои дуюмро ишғол кард. Ӯ барои ҷои якум 70000 соми қирғизӣ — 1000 доллар ва барои нуқра 35000 сом — 500 доллар ҷоизапулӣ гирифт.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки медали дигари нуқраро дастаи Тоҷикистон аз ноҳияи Мурғоб дар мусобиқаи буҷулбозӣ ба даст оварда, соҳиби 300000 сом ҷоизапулӣ гардид.

"Медалҳои биринҷиро Сорбон Абдулҳаев дар куштии гюлеши озарӣ, вазни 80 кило ва Айвар Ҳасанов дар куштии паҳлавонӣ, вазни 80 кило ба даст оварда, соҳиби ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 17500-сомӣ гардиданд", — иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Лентаи хабарҳо
0