Қирғизистон маблағи мусодирашудаи фасодкоронро ба мактабҳои нав равона мекунад

© Сайт президента Кыргызской РеспубликиПрезидент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков, архивное фото
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Қирғизистон пешниҳод намудаанд, маблағҳое, ки зимни амалиёт аз фасодкорон мусодира мешаванд, ба сохтмони мактабҳои нав равона гарданд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Мақомоти Қирғизистон тасмим гирифтаанд, маблағҳоеро, ки зимни амалиёт аз фасодкорон мусодира мешаванд, барои сохтмони макотиби нав равона намоянд, гуфт Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури кишвар зимни вохурӣ бо вазири маориф ва илм, Гулмира Худойбердиева.

Зимни мулоқот роҳбари кишвар тавзеҳ додааст, дар мактабҳое, ки хонандаи зиёд доранд, бояд биноҳои иловагӣ сохта шавад. Инчунин вай афзуд, дар маҳалҳое, ки муассисаҳои таълимӣ вуҷуд надоранд, бояд аз маблағҳои мусодирашуда мактаб сохта шавад.

"Инҷо бояд мушкилоте ба миён наояд. Маблағ барои сохтмони мактабҳо кофӣ аст. Маблағҳо аз суратҳисоби махсусе, ки барои маблағҳои мусодирашудаи фасодкорон кушода шуда буд, пеш аз ҳама барои сохтмони мактабҳо дар вилоятҳо ва шаҳри Бишкек равона хоҳанд шуд", — таъкид кард раисҷумҳур.

Дар охири моҳи июн Муҳаммадқалий Абилғозиев, нахуствазири Қирғизистон, қарореро дар бораи таъсиси суратҳисоби махсус, барои маблағҳои мусодирашудаи фасодкорон ба имзо расонида буд. Маблағҳое, ки дар суратҳисоби махсус қарор доранд, танҳо бо қарори ҳукумат истифода мешаванд.

Инчунин раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки дар пойтахти кишвар дар баробари мактабҳои пурхонанда, ки бо сифати хуби донишомӯзӣ машҳуранд, мактабҳое низ ҳаст, ки ба камбуди хонанда рӯ ба рӯ мебошанд.

"Вазъ бояд комилан таҳлил шуда, дар низоми таҳсилоти миёна ислоҳот ворид карда шавад. Барои пешниҳоди таҳсилоти босифат бояд талабот ба мудирони мактаб ва омӯзгорон сахттар карда шавад", — гуфт вай.

Бино ба иттилои раисҷумҳури Қирғизистон ҳоло дар кишвар сохтмони 149 мактаб идома дорад ва то охири сол 78 муассисаи таҳсилотӣ ба истифода дода мешаванд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Қирғизистон дар кишвар 2262 мактаб фаъолият дошта, дар онҳо 1,2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. 

Лентаи хабарҳо
0