Дахолати Қодиров ба таниши Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо Тиматӣ: 24/7 занг зан

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, дар пайи таниши варзишкор Ҳабиб Нурмуҳаммедов бо репсаро Тиматӣ паёми видеоие нашр карда, ҷонибҳоро ба зиндагӣ дар фазои дӯстӣ даъват намуд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Қодиров дар навор дар хитоб ба Тиматӣ якчанд зарба бо мушт намоиш дода, изҳор медорад, ки  "ин барои ту, 24 соати 7 рӯзи ҳафта занг зан".

Ӯ дар хитоб ба мардуми Доғистон изҳор доштааст, ки Ҳабиб тамрину мутобиқсозии вазн дорад, каме асабист, вайро фаҳмидан мешавад.

"Аммо шумо чӣ? Аз бекорӣ ба селфигирӣ ва сафсатанависӣ. Мо дар минтақаамон тартиботро ҷорӣ мекунем, на террористу на "гастролёр"-ҳо нахоҳанд омад. Биёед аҳлона зиндагӣ кунем, доғистониҳои гиромии ман", — изҳор доштааст Қодиров.

 

 

Муроҷиати Қодиров дар ҳолест ки ахиран Тиматӣ, репсарои маъруф дар сабти видеоие изҳор дошт, ки гӯиё яке аз дастандаркорону ҷонибдорони лағви консерти сароянда Егор Крид дар Махачкала Ҳабиб Нурмаҳаммедов будааст

Ҳабиб Нурмаҳамедов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук, дар посух ба репсаро Тимур Юнусов, мулаққаб ба Тиматӣ изҳор доштааст, ки "ҳар мавҷуд барои гапаш бояд ҷавоб диҳад" ва "касе ҳақ надорад, ки маро аз баёни ақидаам боздорад".

Ӯ изҳор доштааст, ки чунин сарояндаҳоро миёни машваратчиёни худ дидан намехоҳад ва таъкид намудааст, афроди дигаре ҳастанд, ки ба ӯ маслиҳат медиҳанду вай ба онҳо гӯш мекунад.

Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Посухи тунди Ҳабиб Нурмуҳаммедов ба сарояндаҳо Тиматӣ ва Крид: ҷавоб бояд дод

Дар навбати худ Тиматӣ изҳор доштааст, ки дар бораи Ҳабиб Нурмуҳаммедов фикри дигар —  беҳтаре дошт.

Қаблан сароянда Егор Крид дар саҳифаи Instagram навишт, ки интизор надошт Нурмуҳаммедов ҷонибдори баргузор нашудани консерташ дар Доғистон хоҳад шуд. Ин консерт бояд 9 сентябр баргузор мегардид, аммо бархе аз сокинони Доғистон мухолиф баромаданд ва дар пайи паёмҳои таҳдидомез, Крид тасмим гирифтааст, консертро лағв кунад.

Нурмуҳаммедов паёми лағви консерти Кридро дар саҳифааш ҷой дода, сарлавҳа гузоштааст, ки "талафоти бузурге нашудааст".

Ба ақидаи сароянда мухлисон ҳаққи интихоб доранд ва худашон интихоб мекунанд, ки киро гӯш кунанд.

Лентаи хабарҳо
0