Заминфурӯшӣ дар Рӯдакӣ: муфаттишон "Саидраҳмон"-ро наёфтанд

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ, архивное фото
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷазо гирифтани заминфурӯшон дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Додгоҳи Тоҷикистон шаҳрванд Аҳлиддин Ҳамдамовро дар қаллобӣ, ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор дониста, барои 9 сол аз озодӣ ва 4 сол аз ҳаққи соҳибкорӣ маҳрум кардааст.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Ҳамдамов тирамоҳи соли 2011 аз шаҳрванд Муродов мошини "Тойота- Ландкрузер", ба маблағи 10 ҳазор доллар гирифта, дар иваз ба ӯ дар деҳаи Сароби ноҳияи Рудакӣ  10 ҳисса замин ҷудо карда додааст.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Тоҷикистон заминфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакиро "дарди бедаво" донист

"Инчунин соли 2011 бо роҳи фиреб аз  шаҳрвандон Шарипова Ҳ.И. ва Давлатов 10 ҳазор доллар гирифта, барои эхтиёҷоти шахсии худ харҷ намуда, ба номбурдагон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст", — иттилоъ додааст додситонӣ.

Манбаъ афзудааст, ки Ҳамдамов сохтакорию заминфурӯширо бо  маслиҳати пешакӣ бо "Саидраҳмон" ном шахс анҷом медодааст, аммо ин нафар барои тафтишот номаълум мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта  зимни боздид аз ноҳияи Рӯдакӣ аз бенизомиҳои истифодаи замин интиқод карда буд.

Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Заминфурӯше дар ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуд

"Ба ибораи дигар, заминфурӯшӣ дар ноҳия ба дарди бедаво табдил ёфтааст. Бадтар аз ҳама, заминҳои ҳосилхези таъиноти кишоварзӣ бо мақсади ғайрикишоварзӣ фурӯхта мешаванд. Дар натиҷа тайи се соли охир 58 хоҷагии деҳқонӣ барҳам хӯрдааст, зеро заминҳои онҳо пурра фурӯхта шудаанд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ безамин мондаанд", — таъкид намуд раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 20 соли охир қариб дуюним ҳазор гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш бароварда шудаанд, ки 11 фоизи замини кишоварзии ноҳияро ташкил медиҳанд.

Ӯ зикр кард, ки  соли 2016 қариб 3 гектар ва соли 2015 қариб 32 гектар замин дар ноҳия фурӯхта шудааст ва аз масъулини хост, муборизаро бо ин зуҳурот пурзӯр намоянд.

 

Лентаи хабарҳо
0