Руҳониёни Суғд ба кишварҳои хориҷӣ: наҳзатиёнро ба Тоҷикистон истирдод намоед

Обуна шудан
НовостиTelegram
Сархатибон ва имомхатибҳои вилояти Суғд, САҲА ва кишварҳои хориҷиро ба сиёсати дугона айбдор намуда аз онҳо талаб намудааст, ки аъзоёни ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломро ба Тоҷикистон истирдод намоянд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд, сархатибон ва имомхатибон, дар умум ҳамаи ходимони дини вилоят аз САҲА талаб намуданд, ки эътилофи ба тозагӣ таъсиснамудаи наҳзатиёнро ҳамчун эътилофи моҷароҷӯ эътироф намуда, роҳбарону пайравони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломро дар рӯзҳои боқимондаи ҷаласа роҳ надиҳанд.

Машина ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наҳзатиҳои пешин дар ҳайати расмии Тоҷикистон вориди Варшава мешаванд

Инчунин онҳо қотеъона талаб карданд, ки кишварҳое, ки имрӯз дар онҷо аъзоёни ҳизби мазкур сукунат доранд, онҳоро ба Тоҷикистон истирдод намоянд, то дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

"Тавре мушоҳида намудем, дар ҳамин ҳамоиш як гурӯҳи хурди ватангурезон, хоинони миллати тоҷик эътилофи ихтилофангезе ташкил намуданду Кабирӣ нангу номусу орро канор гузошта, аз номи миллат сухан мегуфт. Аз номи миллати тоҷик сухан гуфтани як хиёнаткору ҷинояткор боиси нигаронии амиқи мо —ходимони дин гардид ва дар як вақт мо ин амалкардро маҳкум мекунем", — гуфта шудааст дар муроҷиатнома.

Ба гуфтаи манбаъ, роҳбарону алоқамандони ин ҳизби мамнӯи ба ном динии наҳзат, махсусан роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон ҳамчун террорист дар ҷустуҷӯи Полиси байналмилдалии Интерпол қарор доранд, аммо САҲА онҳоро дастгирӣ намуда, ба онҳо минбар пешниҳод намудааст.

Логотип ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
САҲА занозании байни намояндагони ҳукумат ва оппозитсияи тоҷикро маҳкум кард

Руҳониёни Суғд изҳор кардаанд, ки САҲА ҳамеша даъво мекард, ки дар ҷаҳон зидди экстремизм ва терроризм фаолият мекунаду ба онҳо намегузорад, фаъолияти худро давом диҳанд.

"Пас чаро чунин сиёсати духӯраву дугонаи шумо баръакси гуфтаҳоятон мебошад", — таъкид кардаанд онҳо.

Ба гуфтаи Сархатибон ва имомхатибҳои вилояти Суғд, нафароне, ки ҷиноят карданд ва сабаби ҷангу ҷидол шуда, ба миллат, ватан ва мазҳаби худ хиёнат карданд, бояд аз тарафи ҳеҷ кас дастгирӣ нашаванд. 

Лентаи хабарҳо
0