Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Путин дар бораи суқути ҳавопаймои Ил-20: марги инсон барои ҳама дарди сахт аст

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба наздикони сарбозоне, ки дар суқути ҳавопаймои Ил-20 дар Сурия фавтиданд, ҳамдардӣ баён намуд

“Вақте, ки инсон ҷони худро аз даст медиҳад, ба хусус дар ин гуна ҳодисаи ҳалокатовар, ин ҳамеша дард аст. Ин дард натанҳо барои мо, балки барои кишвар ва наздикони фавтидагон аст. Ба ҳамин хотир мехоҳам ба наздикони сарбозоне, ки ҷони худро аз даст доданд ҳамдардии худро баён намоям”, - гуфт Путин.

Вай таъкид кард, ки муқоисаи ҳодисаи рух дода ба суқути ҳавопаймои низомии Су-24 дар Сурия, ки бо зарби мушаки ҳавопаймои ҷангии F-16-и Туркия сарнагун шуда буд ғайри имкон аст.

Владимир Путин гуфт, ки ин ҳодиса бояд дақиқ омӯхта шавад.

Президент РФ В. Путин провел совместное заседание Госсовета и Комиссии по мониторингу достижения целевых показателей социально-экономического развития страны - Sputnik Тоҷикистон
Путин ба Тоҷикистон меояд

Ёдрас мешавем, ки 17 сентябр ҳавопаймои ИЛ-20 дар наздикии пойгоҳи Хмеймими Русия дар Сурия аз тарафи артиши ин кишвар сарнагун шуд.

Русия дар сарнагун шудани ҳавопаймои Ил-20 нерӯҳои ҳавоии исроилро айбдор намуд.

Ба гуфтаи вазорати дифоъи Русия 4 ҳавопаймои ҷангии Исроил зери қаноти ҳавопаймои Русия пинҳон шуда ба неруҳои Сурия ҳамла намуданд. Дар натиҷа артиши Сурия ба ҳаво мушак андохта ҷои ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ҳавопаймои Ил-20 Русияро сарнагун мекунанд.

Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо 14 нафар сарбози Русия ҷони худро аз доданд.      

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала