Русия: бар зидди аъзоёни гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон бояд таҳримҳо ҷорӣ карда шавад

© Sputnik / Grigoriy Sisoev / Гузаштан ба хазинаи аксПостоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон
Хабарҳо дар бораи музокироти гурӯҳии террористии ДОИШ бо роҳбарияти ҷунши Толибон ҳукумати Русияро нигарон кардааст

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Русия пешниҳод намудааст, бар зидди шахсони алоҳида ё гурӯҳҳое, ки ба гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар Афғонистон робита доранд таҳримҳо ҷорӣ карда шавад, гуфтааст намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя.

“Русия хоҳони монеаи иловагӣ барои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар мебошад. Бояд диққатамонро барои ҷори намудани таҳримҳо бар зидди шахсони алоҳида ва гурӯҳҳое, ки ба ДОИШ робита доранд равона намоем”, - афзуд Небензя дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ.

Инчунин ба гуфтаи вай,  бинобар бад шудани вазъи амниятиии Афғонистон, ба кор бурдани мехнизмҳои таҳримҳои зиддитеррористии СММ-ро, муҳим медонем.

Намояндаи доимии Русия дар СММ таъкид намуд, ки хабарҳои расида дар бораи онки гурӯҳи террористии ДОИШ кушиш дорад бо ҷунбиши Толибон музокирот анҷом диҳад, Русияро нигарон кардааст.

“Инчунин робитаҳои ДОИШ бо намояндагони “Ҳаракати исломии Туркистон” низ қавитар шудааст”, - гуфт Василий Небензя.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала