Аз яхмос то либос: раисиҷумҳур бунёди 9 корхонаи саноатиро дар Душанбе оғоз бахшид

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон запустил строительство девяти новых предприятии в промышленной зоне в Душанбе
Эмомали Рахмон запустил строительство девяти новых предприятии в промышленной зоне в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар Минтақаи саноатии шаҳр дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои пойтахт ба бунёди 9 корхонаи саноатӣ оғоз бахшиданд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон 9 корхонаи нави саноатӣ дар майдони қариб 9 гектар аз ҷониби ширкату соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд.

Корхонаҳои бунёдшаванда аз коркарди пахта то либос, маҳсулоти ордӣ, яхмос, коркарди сангҳои ранга ва дастгоҳҳои барқиро тавлид хоҳанд кард.

Масъулин ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш додаанд, ки дар марҳилаи аввал дар корхонаҳое, ки бунёд мешаванд, беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, дар маҷмуъ барои бунёду муҷаҳҳазгардонии нӯҳ корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Масъулони ширкатҳои “Ваҳдат”, “Шаҳзода”, “Грин Голд”, “Норд Азия Металл”, “Асрори Санг”, “Ноқили Талко” ва “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” ба раисиҷумҳур ваъда доданд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0