Марг ба ҷои зиндон: Фарҳод дар Душанбе аз дасти посбонҳои суд фирор карда, худкушӣ кард

© SputnikСтроительство нового дома в Душанбе
Строительство нового дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Марди гумонбар ба омуда намудани амалиёти террористӣ аз бинои додгоҳ фирор карда, худро аз бино баландошёна сохтмонаш нотамом ба замин партофт

ДУШАНБЕ, 21 сен - Sputnik. Дар Душанбе марди 29-сола аз бинои додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур фирор карда, худро аз бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамом ба замин партофта худкушӣ кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ба гуфтаи манбаъ, сокини шаҳри Ваҳдат Фарҳод Сафармамадов чанд рӯз пеш аз тарафи кормандони ВКД Тоҷикистон  дастгир шуда буд.

Сотрудники МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Милисаҳо дар назди "Султони Кабир" модари се фарзандро аз худкушӣ наҷот доданд

Додгоҳ  дар бораи ҳабси Фарҳод Сафармамадов қарор қабул кард, аммо ҳангоми аз бинои суд баромадан, марди 29-сола ногаҳон аз дасти посбононаш озод шуда,  фирор мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ,  кормандони милитсия аз паси ӯ ба таъқиб пардохта, лекин ба ӯ муяссар мешавад, ки ба бинои баландошёнаи паҳлӯи суд барояд ва худро аз яке аз хонаҳо ба замин партояд, ки дар натиҷа ба ҳалокат мерасад.

“Вай ба як бинои баландоёнаи назди супермаркети “Пайкар” дохил шуд. Вақте, ки кормандони ВКД наздик шуданд, ӯ худашро аз яке тирезаи ин бино ба замин мепартояд”, гуфт манбаъ

 Прокураураи ноҳияи мазкур парванда аз рӯи далели марги ин мардро тафтиш мекунад.

Лентаи хабарҳо
0