Навори мудҳиши теракт ҳангоми гузашти низомӣ дар Эрон

Обуна шудан
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори аз ҳодисаи хунини ҳамлаи интиҳорӣ дар пайдо шуд

Ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Ахвази Эрон субҳи имрӯз, 22 сентябр рух дод. Бино бар иттилои хабаргузории ИРНА масъулияти ҳодисаро гурӯҳе ба дӯш гирифтааст, ки бо Арабистони Саудӣ иртибот доштааст.

Дар навор дида мешавад, ки ҷароҳатбардоштагон дар замин дароз кашидаанд. Низомиён ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд, аммо садои тирхоликунии ҳамлагарон ҳамоно шунавида мешавад.

Даҳҳо сокини шаҳр, аз ҷумла ҷавонон қурбони ин ҳодиса шуданд.

Муҳаммад Ҷавод гуфтааст, масъули ҳамлаи терористӣ дар дӯши Амрикост.

Гузашти низомӣ имрӯз дар Эрон ба муносибати Ҳафтаи мудофиаи муқаддас - бахшида ба ҷангҳои Эрону Ироқ дар соли 1980-1988 баргузор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0