Зуҳуров аз Корея бурсияҳои бештар барои таҳсили тоҷикистониҳо хост

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкМежпарламентская ассамблея СНГ
Межпарламентская ассамблея СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Ким Сонг Тэ, роҳбари гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Корея густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот таваҷҷуҳи масъулини кореягиро ба сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду бузург дар Тоҷикистон ҷалб намудааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки таҷрибаи Корея барои татбиқи технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гунгогуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад мавриди омӯзиш ва истифодаи сохторҳои Тоҷикистон қарор гирад.

“Ҳамчунин кушодани дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (КО 1С Л) дар Тоҷикистон қобили дастгирӣ мебошад”, - афзудааст Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар охири мулоқот ба зиёд намудани бурсияҳои таҳсил барои донишҷуёни тоҷик дар чахорчубаи барномаи “Global Korean Scholarship”  таъкид намудааст.

Лентаи хабарҳо
0