Арвоҳашро дидам: модари Ҳувайдо дар бораи гумшавии ӯ ва кӯшиши сӯҳбат бо Сёмин (НАВОР)

Обуна шудан
Ҳамон рӯз Сёминро дар назди партовгоҳ вохӯрдам. Хостам аз вай пурсам, ки духтари маро надидааст. Баробари дидани ман гурехт. Милисаҳо ҳам ӯро бозпурсӣ карданд. Лекин онҳоро фиреб кардааст. Ҳамон шаб арвоҳи духтарам ба наздам омад, нақл мекунад Нигина Саидова

Модари Ҳувайдо Тиллозода, духтараки 5-солаи тоҷик, ки дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав фоҷиабор кушта шуд, дар бораи ҳодисаи гумшавии духтарак нақл кард. Нигина Саидова ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон нақл кард, ки фарзандаш дар байни 5 дақиқа нопадид шуд.

Ҳувайдо аз манзилашон баромада, ба назди дугонааш рафтааст, ки дар хонаи рӯ ба рӯ зиндагӣ мекардааст.  Духтаракро ба бозӣ даъват кардаасту то баромадани вай нопадид гаштааст.

“Ҳамон рӯз Ҳувайдо дар хона буд ва аз ман хоҳиш кард, ки ба кӯча барояд. Баъди чанд дақиқа хостам хабар гирам, ки нест. Ҳамсояҳоро пурсидам, ки духтарчаи маро надидед. Онҳо гуфтанд, ки бо саг бозикунон ба назди дугонааш рафт. Бо ҳамсояҳо якҷоя кофтем.  Ду соат кофтем ва сипас ба милисаҳо занг задам. Милисаҳо ҳам наёфтанд”, - мегӯяд вай.

Игрушки Вайды - Sputnik Тоҷикистон
Қазияи куштори Ҳувайдо: Сёмин дар бемористони рӯҳӣ, холааш ҳимоягар -тафтишот идома дорад

Зан афзуд, ки аз аввал гумони ҳама ба Александр Сёмин афтод. 

“Рӯз бегаҳ шуд. Хостам бори дигар тарафи партовгоҳро  бубинам. Вақте рафтам, дидам, ки Сёмин дар назди партовгоҳ рост меистод.  Пешаш рафтам ва гуфтам, ки шуморо як дақиқа мумкин аст. Ӯ маро диду  ба тарафи хлебзавод гурехт”, - мегӯяд зан.

Ба гуфтаи модари Ҳувайдо, Сёмин худи ҳамон рӯз аз ҷониби милисаҳо бозпурсӣ шудааст.  Вале манзили вайро накофтаанд.

“Милисаҳо муттаҳамро дар кӯча пайдо карда, пурсон шуданд, ки оё кӯдакро надидааст. Вай гуфтааст, не ва бо баҳонае гурехтааст.  Баъд, ҳамсояҳо аз милисаҳо хоҳиш кардаанд, ки дари ӯро шикананд. Аммо рад кардаанд. Гуфтаанд, ки аз боло фармон нест. Ҳатто сагҳо ба манзили Сёмин ишора карданд”, - мегӯяд Нигина Саидова.

Зан мегӯяд, агар дари Сёминро мешикастанд, шояд кӯдакашро зинда пайдо мекард.

Юрист Ольга  Устюжанина  - Sputnik Тоҷикистон
Вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо: Сёмин аз беморхонаи рӯҳӣ ба СИЗО интиқол меёбад (САДО)

“Ҳамон шаб кофтуков бенатиҷа монд. Аз милисаҳо хоҳиш кардам, ки дари Сёминро шикананд. Вале онҳо баҳона карданд, ки фармон нест. Шаб соат нӯҳ буд, ки писаракамро хоб меравонадам. Ба болои сарам нигоҳ кардам, ки Ҳувайдоро дидам. Ӯ арвоҳи духтаракам будааст. Ман фаҳмидам, ки ҳамон вақт аллакай беҷон буд”, - мегӯяд вай.

Ба гуфтаи модари Ҳувайдо, ҷасади духтаракро соатҳои 3 ба 4-и субҳ пайдо карданд. Зан мегӯяд, дар камераи назоратӣ Сёмин борхалтаро ба дигар ҷониб мебарад, аммо ҷасади Ҳувайдоро аз ҷониби дигар пайдо кардаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки додгоҳи шаҳрии Серпухов мӯҳлати ҳабси пешакии Алекасандр Сёмин - гумонбар дар куштори Ҳувайдоро то як моҳи дигар дароз кард. Ба гуфтаи муфаттиш ва вакили хонаводаи Ҳувайдо Сёмин ҳоло барои ташхис дар пажӯҳишгоҳи Сербскии Маскав аст ва бояд ба наздикӣ ба СИЗО баргардонида шавад.

Лентаи хабарҳо
0