Марди хуҷандӣ: сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маро ба 67 ҳазор доллар фиреб кард

Обуна шудан
Ба гуфтаи вай, мард 9 сол пеш бештар аз 60 ҳазор долларашро бо роҳи фиреб гирифта, то ҳол барнагардонидааст

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро кормандони ниҳод  дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, сокини ноҳия - марди 53-сола ба гумони қаллобӣ дастгир шудааст.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, як сокини шаҳри Хуҷанд ба ВУД шикоят кардааст, мард 9 сол пеш ба бовариаш даромада, бештар аз 60 ҳазор долларашро гирифтааст ва то ҳол барнагардондааст.

"Номбурда, моҳи январи соли 2009 бо роҳи фиреб ба боварии марди 47-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо баҳонаи ба соҳибкорӣ машғул шудан, аз ӯ 67 ҳазору 500-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст", - тавзеҳ медиҳад ниҳод.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса мавриди тафтишот қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0