Ҷалби ширкатҳои ҳиндустониву шведӣ барои бунёди иншоотҳои тарҳи CASA–1000 дар Тоҷикистон

Бунёди иншоотҳои тарҳи CASA – 1000 дар Тоҷикистон ба ширкати шведӣ ва ҳиндӣ вогузор шуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik.  Шӯрои байнидавлатии сохти тарҳи хати интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон, мавсум ба КАСА - 1000 дар нишасти ахир дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон эълом кард, ки кори сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар Тоҷикистон ба ширкатҳои шведӣ ва ҳиндӣ вогузор шудааст, иттилои додааст хабаргузории “Parstoday” дар истинод ба  “Тоҷик ТА”,.

Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст, ширкати шведии “ABB” сохти истгоҳи барқи фишорқавӣ бо тавони як ҳазору 300 мегаваттро аз минтақаи фаъолияти ду нерӯгоҳи обии “Сангтӯда – 1” ва “Сангтӯда – 2” ба поён бирасонад.

Ширкати ҳиндии “Kalpataru Power Transmission Ltd” низ сохти хати 500 киловаттии интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро бар ӯҳда гирифтааст.

Вазири ВУХ дар қароргоҳи СММ - Sputnik Тоҷикистон
Аслов ба Шӯрои амнияти СММ: барои татбиқи тарҳи КАСА-1000 кумак кунед

Инчунин, бо ширкати итолиёии “CES” ба унвони мушовири тарҳи сохти хати КАСА - 1000 дар Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон дар соли 2021 ба поён хоҳад расид.

Тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ мавсум ба КАСА - 1000 ин як тарҳи минтақаӣ мебошад, ки бозори хариду фурӯши барқ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо кишварҳои ҷануби шарқи Осиё ба вуҷуд меоварад.

Бо иҷрои ин тарҳ, дар фасли тобистон барқи изофии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала